Барқарории равобити дипломатии Тоҷикистон бо Мавритания
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i74322-Барқарории_равобити_дипломатии_Тоҷикистон_бо_Мавритания
Тоҷикистон бо Мавритания равобити дипломатӣ барқарор кард.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Сентябр 23, 2021 13:48 Asia/Dushanbe
  • Барқарории равобити дипломатии Тоҷикистон бо Мавритания

Тоҷикистон бо Мавритания равобити дипломатӣ барқарор кард.

Ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, маросими имзои тафоҳумномаи муштарак дар заминаи барқарории равобити дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Мавритания дар Ню-Йорк ва дар ҳошияи ҳафтоду шашумин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд.

Ин тафоҳумномаро Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Исмоил Шайх Аҳмад, вазири умури хориҷаи Мавритания имзо карданд.

Вазирони хориҷаи ду кишвар дар ин мулоқот ҳамчунин бар аҳамияти тавсеаи равобити дуҷониба байни Тоҷикистону Мавритания таъкид карданд.