Бо пардохти карзи Иззат Амон имкони озодии вай фароҳам мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i74406-Бо_пардохти_карзи_Иззат_Амон_имкони_озодии_вай_фароҳам_мешавад
Вакили мудофеъи Иззат Амон-мудофеъи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик эълом кард, ки бо пардохти маблағи 630 ҳазор рубли русӣ ба соҳибони қарзҳо имкони озодии муваккилаш фароҳам мегардад .
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 25, 2021 07:19 Asia/Dushanbe
  • Бо пардохти карзи Иззат Амон имкони озодии вай фароҳам мешавад

Вакили мудофеъи Иззат Амон-мудофеъи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик эълом кард, ки бо пардохти маблағи 630 ҳазор рубли русӣ ба соҳибони қарзҳо имкони озодии муваккилаш фароҳам мегардад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, қаблан 12 нафар аз даъвогарон эълом карда буданд, ки таи солҳои 2014 то 2020 Иззат Амон аз онон барои кумак ба озодии бастагонашон дар Русия ин маблағро дарёфт кард, аммо амалан коре анҷом надодааст .
Аммо Сайидбурҳон Шарифовакили мудофеъи Иззат Амон ахиран гуфт, ки бахши умдаи маблағи мавриди назари шикояткунандгон пардохт шуда ва рӯзҳои наздик дархости афвашро расман матраҳ хоҳад кард .
Дар моҳи марти соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Маскав бо судури ҳукме гузарномаи русии Иззат Амонро бекор ва ӯро бар асоси банди 18 қонуни ҷиноии Русия марбут ба нақзи қонуни кору зиндагӣ дар ин кишвар ба пардохти ҷаримаи молӣ ва истирдод ба Тоҷикистон маҳкум кард .
Вай аз соли 1996 бо дарёфти тобеъияти Русия дар ин кишвар кору зиндагӣ мекард .
Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки алайҳи ин табаъаи тоҷик ба иттиҳоми қаллобии молӣ парвандаи қазоӣ ташкил ва ӯ ба маҳзи вуруд ба Душанбе боздошт шудааст .