Далоили фишори Русия ба Тоҷикистон дар мавзуи парвозҳои дуҷониба
(last modified 2016-11-07T07:57:19+00:00 )
Ноябр 07, 2016 12:57 Asia/Dushanbe
  • Далоили фишори Русия ба Тоҷикистон дар мавзуи парвозҳои дуҷониба

Коршиноси тоҷик гуфт, яке аз далоили аслии фишори Русия ба Тоҷикистон ба баҳонаи танзими парвози ҳавопаймоҳо миёни ин ду кишвар, худдории мақомоти Душанбе аз пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аст.

Ба иттилои сайти Tojinfo, Баҳром Мусобоев, коршиноси масоили иқтисодии Тоҷикистон гуфт: Душанбе аз ду сол қабл токунун ба баҳонаи зарурати баррасии бештари мавзуи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар ин замина посухи шаффофе ба Русия намедиҳад ва ин мавзуъ аз муҳимтарин далоили фишори Маскав ба Душанбе дар мавзуи танзими ҷадвали парвозҳои дуҷониба аст.

Мусобоев афзуд: Ҳамчунин мавзуи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия низ метавонад ба абзори фишори Маскав бар Душанбе табдил шавад, зеро тарафи рус муътақид аст, 48 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон аз даромади ирсолии коргарони муҳоҷири ин кишвар дар Русия таъмин мешавад ва ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ ҳақ доранд, аз мазоёи интиқоли ин коргарон ба Тоҷикистон баҳраманд шаванд.

Баҳром Мусобоев гуфт, дар сурати ба тавофуқ нарасидани Русия ва Тоҷикистон дар бораи танзими ҷадвали парвозҳои дуҷониба, Маскав мумкин аст, барои таҳти фишор қарор додани Душанбе аз абзори ихроҷи коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия истифода кунад.

Русия қасд дорад, ҳамаи парвозҳои дуҷониба бо Тоҷикистонро ба фурӯдгоҳи тозатаъсиси Жуковский дар ҳумаи Маскав мунтақил кунад ва теъдоди парвози ширкатҳои ҳавопаймоии русиро ба Тоҷикистон афзоиш диҳад, ки ин ду масъала бо мухолифати Душанбе рӯ ба рӯ шудааст.

Русия Тоҷикистонро ба қатъи иртиботи ҳавоии ду кишвар дар сурати иҷро нашудани ин ду хоста таҳдид кардааст.