Толибон хабар дод : Истиқрори ҳазорон неру дар марз бо Тоҷикистон
(last modified Sun, 26 Sep 2021 06:13:21 GMT )
Сентябр 26, 2021 11:13 Asia/Dushanbe
  • Гуруҳи Толибон аз истиқрори ҳазорон неру  дар наздикии марз бо Тоҷикистон хабар дод .
    Гуруҳи Толибон аз истиқрори ҳазорон неру дар наздикии марз бо Тоҷикистон хабар дод .

Гуруҳи Толибон аз истиқрори ҳазорон неруи вижаи хеш дар вилояти Тахор дар наздикии марз бо Тоҷикистон хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид-муовини вазири фарҳанги Толибон дар паёми тветтирӣ эълом кард, ки ба манзури таъмини амният дар марзи муштарак бо Тоҷикистон ҳазорон нафар аз неруҳои вижаи ин гуруҳ дар вилояти Тахор мустақар шудаанд.
Вай ҳадаф аз ин иқдомро муқобила бо ҳар навъ авомил ва таҳдидҳои амниятӣ дар марз бо Тоҷикистон унвон кардааст. Ин дар ҳоле аст, ки бархе аз расонаҳои мустақили хабарӣ қаблан дар бораи дидори теъдодӣ аз мақомоти давлати пешини Афғонистон бо масъӯлони ҳукӯмати Тоҷикистон дар Душанбе матолиберо мунташир карда буданд .
Тоҷикистон борҳо бо таъкид бар зарурати ташкили давлати фарогир дар Афғонистон ҳимояти хеш аз Ҷабҳаи муқовимати вилояти Панҷшер дар баробари Толибонро эълом кардааст.



Бештар бихонед :