Сентябр 26, 2021 12:04 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими сиюмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон дар Туркия

Сиюмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон дар Туркия ҷашн гирифта шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, ин маросим бо талоши консулгарии Тоҷикистон бо ҳузури 100 меҳмон дар Истамбул баргузор шуд .

  • Дар ин маросим Мурод Саидзода, сарконсули Тоҷикистон дар Истамбул сиюмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистонро ба ҳозирон табрик гуфт ва дар мавриди дастовардҳои кишварамон дар тӯли 30 сол суҳбат кард .

Дар ин ҷашн аз тарафи консулгарии Тоҷикистон дар Истамбул ба Ҷаҳонгири Фикрии Сочиуғлу-раиси Шӯрои тоҷирони Тоҷикистону Туркия ва Узлум Бозкурт Гурк-муовини шаҳрдори Истамбул “ лавҳи сипос ” эҳдо шуд .

 

Барчасп