Сентябр 26, 2021 13:56 Asia/Dushanbe
  • Имзои барномаи дусолаи ҳамкорӣ байни додситонҳои кулли Тоҷикистону Узбекистон

Додситонҳои кулли Тоҷикистону Узбекистон тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз АКИ пресс, ин тафоҳумнома дар сию якумин нишасти Шӯрои ҳамоҳангсозии додситонҳои кулли кишварҳои узви ИДМ дар пойтахти Қазоқистон имзо шуд.
Дар ин нишаст додситонҳои кулли Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат карданд.
Дар ин ҷаласаи додситонҳои кулли кишварҳои мазкур дар мавриди таҷрибиёти корӣ, иҷрои барномаи байналмиллалии кишварҳои узви ИДМ барои солҳои 2019 - 2022 ва ҳамчунин барномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноёти иртикобӣ бо истифода аз фанноварии иттилоотӣ, тероризм ва зуҳӯри паҳлуҳои хушунатомези ифротгароӣ гуфтугӯ карданд .
Ҳамчунин тақвияти амнияти марз дар кишварҳои узви ИДМ, беҳбуди ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо фасод, ҳифозат аз ҳуқуқу озодиҳои башарӣ ва маданӣ аз дигари мавзӯъоте буд, ки дар ин ҷаласа баррасӣ шуд .
Юсуфи Раҳмон-достони кулли Тоҷикистон дар ин иҷлос бо тавваҷуҳ ба буҳрони Афғонистон дар мавриди муқобила бо ДИИШ ва дигар созмонҳои террористӣ байналмиллалӣ дар Осиёи Марказӣ суханронӣ кард .
Вай ҳамчунин дар Нурсултон бо додситонҳои кулли Қазоқистону Узбекистон ҳам дидор кард.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп