Сентябр 26, 2021 14:39 Asia/Dushanbe
  • Тазриқи воксани корона ба сокинони ноҳияи Лахши Тоҷикистон

Сокинони ноҳияи Лахш алайҳи бемории корона воксан мешаванд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пӯиши мардумии ваксиносиун алайҳи COVID - 19 дар ноҳияи Лахш бо мушорикати коркунони маркази эминӣ ва тазриқи воксани ноҳия дар ҳоли иҷро аст.
Ваксиносиун алайҳи COVID - 19 аз моҳи май бо дарёфти 1184 дозаи воксани Астра Зенека дар ин ноҳия оғоз шудааст .

Ҳалим Шарифов-мудири маркази беҳдоштии ноҳияи Лахш гуфт : Дар марҳилаи аввал кадри дармон ва муаллимони ноҳия воксина шуданд.
Вай афзуд : Дар моҳҳои июл ва август низ  16440 дозаи воксани " Модерно " ва 15000 дозаи воксани " Синвок
 " ба масъӯлони беҳдоштии ноҳия супурда шуд .

Ӯ дар идома гуфт : Дар ҳоли ҳозир  ваксиносиуни довталабона дар марокизи беҳдоштӣ ва дармонии ноҳияи Лахш идома дорад .