Сентябр 28, 2021 12:20 Asia/Dushanbe
  • Оғози амалиёти бозсозии масири Дарвоз - Рӯшон бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бозсозии масири Дарвоз то Рӯшон дар вилояти Бадахшон бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.

Ба гузориши сомонаи «Ховар», Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ин маросим гуфт: Бояд ин масири 109 километрӣ, ки бахше аз масири аслӣ байни Тоҷикистон ва Чин аст, мутобиқ бо шохисҳои байналмилалӣ бозсозӣ шавад.

Мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳазинаи бозсозии ин масирро 2.5 миллиард сомонӣ эълом карданд.

Бо бозсозии ин масир барои ҳазор сокини ноҳияи Рӯшон шуғл эҷод хоҳад шуд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар ноҳияи Дарвоз, дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, дар маросими паради воҳидҳои низомии ин минтақа ширкат ва суханронӣ кард.

Вай бо табрики фаро расидани сиюмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон аз нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба хотири талош барои эҷод ва ҳифзи суботу амният дар кишвар қадрдонӣ кард.