Замони пандемия Тоҷикистон ақибмонии содиротро аз воридот ба таври назаррас кам кард
(last modified Tue, 28 Sep 2021 08:02:57 GMT )
Сентябр 28, 2021 13:02 Asia/Dushanbe
  • Замони пандемия Тоҷикистон ақибмонии содиротро аз воридот ба таври назаррас кам кард

Ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ҳудуди 4,1 млрд долларро ташкил дод, ки 33% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Бино ба иттилои Радиои тоҷикии Садои Хуросон,Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо (фарқият байни харид ва фурӯш) манфӣ боқӣ монда, лекин акнун ҳаҷми содирот нисбат ба воридот на се баробар камтар то замони оғози пандемия, балки ҳамагӣ 54% (1,2 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2019 ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз ҷумҳурӣ 1,1 млрд доллар ва воридоти он ба кишвар - 3,3 млрд долларро ташкил дода буд.

Тӯли 8 моҳи соли равон ба маблағи зиёда аз 1,4 млрд доллар молу маҳсулот ба хориҷи кишвар бароварда шудааст, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ-августи соли гузашта 37% зиёдтар мебошад.

Воридоту молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ дар ин давра ба маблағи зиёда аз 2,6 млрд доллар сурат гирифтааст, ки 31,4% зиёдтар дар муқоиса бо 8 моҳи соли гузашта мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар давоми моҳҳои январ-августи ҳамин сол Тоҷикистон бо 113 кишвари дунё муомилоти додугирифти молу маҳсулот анҷом додааст.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия ($764 млн), Қазоқистон ($748 млн), Швейтсария ($724), Чин ($549 млн), Ӯзбекистон ($276 млн), Туркия ($240 млн) дониста шудаанд.

Маълумоти бештар: