Сентябр 30, 2021 10:31 Asia/Dushanbe
  • Ваксинатсияи 100 дарсадии афроди болои 18 сол дар шаҳри Душанбе

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз поёни тазриқи воксани корона ба афроди болои 18 сол дар пойтахти ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, барномаи тазриқи воксани корона ба афроди болои 18 сол дар шаҳри Душанбе то рӯзи 28 сентябри соли ҷорӣ 104 дарсад иҷро шудааст.

Ҳамчунин то ин муддат 2 миллиону 398 ҳазору 713 нафар дар Тоҷикистон воксани корона дарёфт кардаанд, ки баробар бо 41, 2 дарсад аз афроди болои 18 соли ин кишвар мебошад. Гуфта мешавад, ки 1 миллиону 740 ҳазору 682 нафар низ дозаи дувуми воксани корона дарёфт кардаанд.

Дар чорчӯби барномаи Ковакс ва кумакҳои башардӯстонаи байналмилалӣ барои ваксинатсияи ҷамъияти Тоҷикистон то ба ҳол 4 миллиону 841 ҳазору 540 доза воксани корона ворид карда шудааст

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ки тайи 10 рӯзи охир дар ин кишвар ҳеҷ мавриди ҷадиди мубталоён ба Ковид - 19 сабт нашудааст.