Тазриқи воксани корона ба ҳудуди 40 дарсад аз ҷамъияти Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i74670-Тазриқи_воксани_корона_ба_ҳудуди_40_дарсад_аз_ҷамъияти_Тоҷикистон
Ҳудуди 40 дарсад аз шаҳрвандони Тоҷикистон алайҳи бемории корона ваксина шуданд.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Сентябр 30, 2021 07:22 Asia/Dushanbe
  • Тазриқи воксани корона ба ҳудуди 40 дарсад аз ҷамъияти Тоҷикистон

Ҳудуди 40 дарсад аз шаҳрвандони Тоҷикистон алайҳи бемории корона ваксина шуданд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, то 20 сентябри соли ҷорӣ ба ҳудуди 40 дарсад аз ҷамъияти болои 18 соли кишвар ваксинаи корона тазриқ шуд.

Ба гузориши сомонаи Авесто, мақомоти ин вазоратхона гуфтанд то ин муддат 2 миллиону 307 ҳазору 140 нафар дар Тоҷикистон воксани корона дарёфт кардаанд, ки ҳудуди 40 дарсад аз ҷамъияти кишварро ташкил медиҳад.

Аз ин теъдод 1 миллиону 565 ҳазору 281 нафар дозаи дувуми воксани коронаро тазриқ карданд.

Бо афзоиши теъдоди марокизи тазриқи воксан дар шаҳри Душанбе ҳудуди 99,6 дарсад аз сокнони болои 18 соли пойтахт низ воксани корона тазриқ кардаанд.

Ҳамчунин Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, дар шабонарӯзи гузашта мавриди ҷадиди ибтило ба бемории Ковид-19 дар кишвар шиносоӣ нашуд.

Аз оғози густариши корона дар Тоҷикистон то кунун 17 ҳазору 84 нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод 16 ҳазору 948 нафар беҳбуд ёфтаанд.

124 нафар низ бар асари ибтило ба ин беморӣ фавт карданд.