Октябр 01, 2021 17:45 Asia/Dushanbe
  • Додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Русия санади ҳамкорӣ имзо карданд

Додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Русия дар поёни дидори худ санадеро дар мавриди авлавиятҳои ҳамкорӣ барои солҳои 2022 - 2025 имзо карданд.

Ба гузориши АКИ Пресс, ин санадро Игор Краснов, додситони кулли Русия дар дидор бо Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе имзо кард.

Краснов дар музокирот бо додситони кулли Тоҷикистон бар ҳамкории фаъоли ниҳодҳои муртабити ду кишвар таъкид ва хотирнишон кард, дар баробари афзоиши хатароти ҷиноии дорои моҳияти фаромиллӣ, чунин ҳамкориҳо аҳамияти вижае пайдо мекунанд.

Вай гуфт: Дар канори таҳдидоти терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир, фасод, пӯлшӯӣ, ниҳодҳои муҷрии қонун бо чолишҳои ҷадиде дар фазои маҷозӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Додситони кулли Федератсияи Русия афзуд: Буҳрон дар Афғонистон кулли минтақаи АвруОсиёро таҳти таъсир қарор медиҳад.

Вай дар идома бар зарурати ҳамоҳангии талошҳои муштарак бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз нуфузи намояндагони ҷумбишҳои ифротӣ ва террористӣ ба қаламрави кишварҳои ИДМ, таъкид кард.

Краснов ҳамчунин бо таъкид бар зарурати ҷилавгирӣ аз эҷоди роҳҳои ҷадиди қочоқи мавод мухаддир гуфт: Ҳамон тавр, ки медонед, бештари авқот дар имтидоди ба истилоҳ «Масири шимолӣ» аз тариқи фурӯши бидуни тамос дар «Доркнет» бо истифода аз пардохтҳои арзҳои рамзгузоришуда (арзи диҷитал) анҷом мешавад.

Вай афзуд: Ин амр на танҳо мусталзими иқдомоти муштарак аст, балки таҳияи иқдомоти вокунишии модерн, муассир ва муҳимтар аз ҳама бамавқеъ дар баробари таҳдидоти навзуҳурро тақозо мекунад.

 

 

 

 

 

Барчасп