Октябр 02, 2021 16:05 Asia/Dushanbe
  • Русия нигарони афзоиши таниш миёни Тоҷикистон ва Толибон

Вазорати умӯри хориҷаи Русия дар хусуси таниш миёни Толибону Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда ва ҳалли ихтилофоти ду тарафро хостор шуд .

Алексий Зайтсев-муовини сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Русия рӯзи панҷшанбе дар хусуси таниш миёни Тоҷикистону Афғонистон ибрози нигаронӣ кард .
Ба навиштаи хабаргузории  Анатолия, ин дипломати рӯс дар конфаронсии хабарӣ бо ишора ба таниш дар марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон гуфт :Маскав ин таҳаввулотро дар бистари баёнияҳои шадидуллаҳни ду тараф дунбол мекунад .
Зайтсев афзуд: Гузоришҳо ҳикоят аз истиқрори неруҳои низомӣ ҳар ду тараф дар марзҳои муштарак дорад ва Маскав аз Душанбеву Кобул мехоҳад ба дунболи роҳи ҳалли ҷойгузин барои ҳалли ихтилофот бошанд, ки мавриди тавофуқи тарафайн бошад .
Ибрози нигаронии Русия дар хусуси ин танишҳо пас аз он сӯрат мегирад, ки Забеҳуллоҳ Муҷоҳид-сухангӯи давлати Толибон эълом кард ҳазорон ҷангҷӯ ба устони Тахор дар муҷовирати марзҳои Тоҷикистон эъзом шудаанд . Муҷоҳид иллати эъзоми ин неруҳоро таҳдидоти амниятӣ тавсиф кард .
Пештар низ Абдулғанӣ Бародар-муовини нахуствазири Толибон, Тоҷикистонро ба дахолат дар умӯри дохилии Афғонистон муттаҳам кардааст . Вай рӯзи якшанбе 4 меҳр дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиюнии Алҷазира ба Тоҷикистон нисбат ба пайомадҳои эҳтимолии дахолат дар умӯри Афғонистон ҳушдор дод.
Ин дар ҳоле аст, ки Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон чанд рӯз пеш дар ҷараёни суханронии худ дар нишасти Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе пешниҳоди эҷоди камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистонро матраҳ карда буд .
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафтоду шашумин нишасти маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид низ гуфта буд, ки таҳаввулоти ахир дар Афғонистон мунҷар ба буҳрони амиқи сиёсӣ, башардӯстона ва ҳукуматӣ шудаву амнияту суботи минтақаро низ ба хатар меандозад.
Раҳмон дар ин нишаст ҳамчунин гуфта буд, ки ба қудрат расидани Толибон, ки аз сӯи Шӯрои Амнияти Созмони Миллал дар феҳристи гуруҳҳои террористӣ қарор дорад, раванди печидаи геополитикии минтақаро печидатар кардааст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп