Октябр 04, 2021 10:55 Asia/Dushanbe
  • Талоши Исломобод барои танишзудоӣ байни Тоҷикистону Толибон

Манобеи хабарии Покистон бо ишора ба тамоси телефонии сарони Тоҷикистону Покистон гуфтанд : Имрон Хон дар талош барои танишзудоӣ миёни Душанбе ва давлати муваққати Толибон аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Эрон онлайн, Имрон Хон дар тамоси телефонӣ бо  Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар бораи равобити дуҷониба ва охирин таҳаввулоти муртабит бо Афғонистон табодули назар кард.
Манобеи дипломатӣ дар Покистон гуфтанд : Ин тамос дар ҳоле анҷом шуд, ки мақомоти Толибону давлати Тоҷикистон алайҳи якдигар мавзеъ гирифтанд.
Бархе гузоришҳо низ аз баргузории размоиши неруҳои Тоҷикистон дар авоили ҳафта ба манзури қудратнамоӣ дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон ҳикоят дорад ва дар муқобил Толибон низ ҳазорон нируро ба марз бо ҳамсояи шимоли шарқии худ, яъне Тоҷикистон эъзом кард.
Дар тамоси телефонии сарони Покистону Тоҷикистон тарафҳо тавофуқ карданд, ки талошҳоро барои ҳимоят аз суботи Афғонистон ҳамоҳанг кунанд.
Тоҷикистон мавзеи сахте дар қиболи Толибон иттихоз карда ва аз нақзи ҳуқуқи башари ин гуруҳ ба вижа дар вилояти Панҷшер интиқод кардааст .
Аммо Толибон интиқоди Тоҷикистонро дахолат дар умӯри дохилии Афғонистон арзёбӣ кардааст .
Тоҷикҳо яке аз қавмиятҳои бузург дар Афғонистонро ташкил медиҳанд.

 

Барчасп