Кӯмаки беҳдоштии Русия ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i7495-Кӯмаки_беҳдоштии_Русия_ба_Тоҷикистон
Созмони ғизо ва доруи Русия дар чорчӯби барномаи кӯмак ба бахши беҳдошти Тоҷикистон, Арманистон ва Қирғизистон шаш озмоишгоҳи сайёри муқобила бо бемориҳои сироятӣ ва уфуниро дар ихтиёри ин кишварҳо қарор дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 08, 2016 06:40 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки беҳдоштии Русия ба Тоҷикистон

Созмони ғизо ва доруи Русия дар чорчӯби барномаи кӯмак ба бахши беҳдошти Тоҷикистон, Арманистон ва Қирғизистон шаш озмоишгоҳи сайёри муқобила бо бемориҳои сироятӣ ва уфуниро дар ихтиёри ин кишварҳо қарор дод.

Ба гузориши хабаргузории русии “РИА-новости”, Вазорати беҳдошти Русия эълом кардааст, ки ин озмоишгоҳҳои сайёр дар заминаи ташхиси бемориҳои гузаранда ва уфунӣ ба ҷадидтарин дастгоҳҳо муҷаҳҳаз аст, ки метавонад ба мутахассисони ин кишварҳо барои ҷилавгирӣ аз густариши ин бемориҳо кӯмак кунад.

Мутахассисон ҳамчунин бо истифода аз ин озмоишгоҳҳо метавонанд дар сурати мушоҳидаи бемориҳои сироятӣ ва уфунӣ дар манотиқи мушаххас, барои ҷилавгирӣ аз густариши он барномарезӣ кунанд.

Ин озмоишгоҳи сайёрро Маркази илмӣ ва пажӯҳишии микробшиносии Русия роҳандозӣ кардааст.

Вазорати беҳдошти Русия эълом кардааст, ки дар чорчӯби барномаи муштараки ҳамкории дармонӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар ду соли ахир, 10 дастгоҳи озмоишгоҳи сайёр дар ихтиёри ҷумҳуриҳои ин қаламрав қарор додааст.