Ноябр 08, 2016 10:44 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия барои идомаи парвозҳо

Вазорати ҳамлу нақли Русия эълом кард, музокироти ҳайатҳои ин кишвар бо Тоҷикистон дар бораи парвозҳои ҳавопаймои мусофирбарӣ аз фурӯдгоҳи ҷадиди "Жуковский" бо тавофуқи дуҷониба барои идомаи парвозҳо ба поён расид.

Ба гузориши хабаргузории русии "ТАСС", Вазорати ҳамлу нақли Русия бо таъйиди тавофуқи дуҷониба барои идомаи парвозҳо эълом кард, ки Тоҷикистон шарти ин кишварро барои оғози парвозҳои ҷадид аз фурӯдгоҳи тозатаъсиси "Жуковский" дар атрофи Маскав пазируфтааст.

Мақомоти ин вазоратхона гуфтаанд, ки ҳамакнун аз 15 шаҳри Русия ба Тоҷикистон парвози ҳавопаймои мусофирбарӣ барқарор аст, ки аз ин теъдод ҳар ҳафта 13 парвоз ба шаҳри Душанбе ва 15 парвоз ба шаҳри Хуҷанд ва чанд парвоз ба шаҳрҳои Кӯлоб ва Қурғонтеппа анҷом мешавад. 

Дар ин миён парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ ба ду шаҳри Кӯлоб ва Қурғонтеппа танҳо аз шаҳри Маскав сурат мегирад.

Бар асоси тавофуқи ҷадид аз ин пас ширкатҳои русӣ ҳар ҳафта аз фурӯдгоҳи тозатаъсиси "Жуковский" дар атрофи Маскав ду парвози изофӣ ба Тоҷикистон анҷом хоҳанд дод.

Аммо Шералӣ Ганҷализода, вазири нақлиёти Тоҷикистон хабарҳо дар бораи гузаштҳои ҳайати Тоҷикистон ба ҷониби Русия дар ин музокиротро рад кард ва гуфт, ки тибқи натиҷаҳои ин музокирот, ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон бо усули баробарӣ парвозҳоро ба шаҳрҳои Русия анҷом хоҳанд дод. Вазири нақлиёти Тоҷикистон афзуд, ба ҷониби Русия иҷозаи парвозҳо аз фурӯдгоҳи ҷадиди Жуковский ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд дода шуд, вале ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон низ аз ин фурудгоҳ парвозҳоро хоҳанд дошт.

Русия аз моҳи августи имсол бо ирсоли номаи расмӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоии "Тоҷик-эйр" ва "Сомон-эйр"-и Тоҷикистон интиқоли ҳамаи парвозҳои ин ду ширкат ба фурӯдгоҳи тозатаъсиси "Жуковский" -ро хостор шуда буданд. 

Бо ин ҳол масъулони идораи ҳавопаймоии Тоҷикистон ба ин баҳона, ки афзоиши теъдоди парвози ширкатҳои русӣ ба ин кишвар хисорати молии фаровонеро ба ширкатҳои тоҷикистонӣ ворид мекунад, аз иҷрои ин дархост худдорӣ карданд.

Вазорати ҳамлу нақли Русия имрӯз 8-уми ноябрро охирин фурсат барои ҳалли ин ихтилоф таъйин карда ва ҳушдор дода буд, ки дар сурати идомаи мухолифати Тоҷикистон тамоми парвозҳои дуҷониба бо ин кишварро қатъ хоҳад кард.