Октябр 05, 2021 20:41 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи сахттар шудани ҷазо барои омӯзишҳои динии ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи қонуни сахттар кардани муҷозот барои омӯзишҳои динии ғайриқонунӣ дар ин кишварро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол кард.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, дар сурати тасвиби ин тарҳ, муҷозоти афроде, ки ба омӯзишҳои динии ғайриқонунӣ аз тариқи ҳузурӣ ва фазои маҷозӣ машғул ҳастанд, сахттар хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир мизони ҷаримаи молии мутахаллифон аз 48 то 72 ҳазор сомонӣ таъйин шудааст.

Аммо дар тарҳи қонуни нав ин шохис то 100 ҳазор сомонӣ афзоиш меёбад.

Ҳамчунин дар сурати такрори омӯзишҳои динии ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон тайи як сол аз сӯйи афрод, додгоҳҳо ононро то 3 сол ба зиндон маҳкум хоҳанд кард.

Дар Тоҷикистон муҷаввизи омӯзишҳои диниро танҳо Кумитаи давлатии умури дин ва танзими анъана ва ҷашну маросим содир мекунад, ки бо печидагиҳои зиёде ҳамроҳ мебошад.

 

Барчасп