Ноябр 08, 2016 11:09 Asia/Dushanbe
  • Бардошти 263 ҳазор тон пахта дар Тоҷикистон

Кишоварзони Тоҷикистон тирамоҳи имсол беш аз 263 ҳазор тон пахта бардошт кардаанд.

Ба гузориши “СА-нюс”, мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар ин муддат бардошти пахта аз мазореи ин кишвар ба беш аз 263 ҳазор тон расида, ки 15 ҳазор тон аз давраи мушобеҳи соли қабл бештар аст.

Бар асоси ин гузориш, бардошти ин мизон пахта баробар бо 79 дарсад аз барномаи пешбинишудаи давлат дар соли 2016 аст.

Пеш аз ин мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон таъкид карда буданд, ки имсол бардошти ин маҳсули муҳими содиротиро ба 368 ҳазор тон мерасонанд.

Ба ин манзур, беш аз 162 ҳазор гектар мазрааи ин кишвар ба кишти пахта ихтисос ёфт, ки устонҳои Хатлон дар ҷануб ва Суғд дар шимоли Тоҷикистон аз умдатарин манотиқи кишти ин маҳсул аст.

Бо ин ҳол коршиносон иҷрои ин барномаро ба далели пойин будани қимати пардохтии пахта ба кишоварзон баъид медонанд.

Бар асоси барномаи давлати Тоҷикистон дар соли 2015, дар ин кишвар бояд 390 ҳазор тон пахта бардошт мешуд, ки дар амали ин шохис ба 270 ҳазор тон расид.

Дар Тоҷикистон дар даврони пеш аз истиқлол дар ҳудуди 500 ҳазор гектар замини пахта, солона беш аз 930 ҳазор тон маҳсул бардошт мешуд.

Набуди сармоя, суди болои вомҳои бонкӣ, фарсудагии мошинолоти кишоварзӣ, гарон будани қимати сӯхти нуриҳои минералӣ ва низ пойин будани қимати хариди пахта аз сӯйи ширкатҳои давлатӣ сабаб шудааст, ки дар солҳои ахир бештари кишоварзони тоҷикистонӣ кор дар Русияро бар кишти пахта тарҷеҳ диҳанд.

Ҳудуди 90 дарсади пахтаи Тоҷикистон содиротӣ аст.

 

Барчасп