Октябр 09, 2021 18:18 Asia/Dushanbe
  •  Барои назорати сифати хизматрасонӣ ба модарону кӯдакон гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфт

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон доштааст, ки бо мақсади расонидани кумаки машваратӣ ва мониторинги сифати хизматрасонӣ ба модарон ва кудакони гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд.

Бино ба гузориши Радиои тоҷикии Садои Хуросон،Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасони ба модарон ва кӯдакон дар беморхонаҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис додааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин вазорат.
Тибқи иттилои манбаъ, бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар сатҳи таваллудхонаҳо ва шӯъбаҳои таваллудии ҷумҳурӣ тавассути расонидани кумаки машваратӣ ва мониторинги сифати хизматрасонӣ дар доираи Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон дар асоси фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гурӯҳҳои машваратӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таваллудии сатҳи сеюм ва мониторингӣ аз ҳисоби кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъсис дода шуданд.
Зикр шудааст, ки дар асоси фармоиши мазкур масъулин вазифадор шуданд, ки назорати гузаронидани машваратҳо ва мониторинги фаъолияти гурӯҳҳоро дар муассисаҳои таваллудӣ таъмин намоянд.
Инчунин манбаъ қайд кардааст, ки вобаста ба натиҷаҳои мониторинги фаъолияти муассисаҳои таваллудӣ мунтазам маълумоти муфассалро ба вазорат пешниҳод кунанд.
 

Барчасп