Октябр 12, 2021 10:16 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Иттиҳоди Аврупо

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақари Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел, бо Шарл Мишел, раиси Иттиҳоди Аврупо дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Шарл Мишел дар бораи равобити феълии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, маодин ва филизот, энержӣ, омӯзиш ва парвариш, беҳдошт ва дармон, кишоварзӣ ва гардишгарӣ баҳсу табодули назар шуд.

Тарафайн ҳамчунин мавзӯи сиёсати роҳбурдии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказиро барои солҳои 2021 то 2027 баррасӣ карданд.

Ҳамчунин Раҳмон ва Шарл Мишел дар ин гуфтугӯ дидгоҳи худро дар бораи авзои Афғонистон ва таъсири он ба амнияти Осиёи Марказӣ баён карданд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор аст бо сафар ба Фаронса, бо мақомоти ин кишвар низ дидору гуфтугў кунад.

 

Барчасп