Октябр 12, 2021 11:50 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷозеп Боррел дидор кард

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел бо Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷозеп Боррел дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва дурнамои густариши равобити дуҷониба баҳсу табодули назар шуд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо барои кумаки 112 миллиондолларии ин иттиҳодия ба кишвараш дар даврони густариши бемории Ковид - 19 ташаккур кард.

Ӯ хостори танзими созшномаи ҳамкориҳои баландмуддат миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо шуд, ки заминаи эътои сабукӣ барои содироти маҳсулоти ширкатҳои тоҷикистонӣ ба ин иттиҳодияро фароҳам месозад.

Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷозеп Боррел дар бораи авзои Афғонистон, кумаки Иттиҳоди Аврупо барои тақвияти марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон, масоили амниятии минтақа ва густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баҳсу табодули назар карданд.

 

Бештар бихонед: