Октябр 12, 2021 13:16 Asia/Dushanbe
  • Авфи коргарони муҳоҷири тоҷик аз сӯйи Русия
    Авфи коргарони муҳоҷири тоҷик аз сӯйи Русия

Раиси Федератсияи коргарони муҳоҷири Русия аз мавриди афв қарор гирифтани 150 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Фарғона, Вадим Кожанов гуфтааст, ки ин теъдод коргари муҳоҷири тоҷик метавонанд барои кор ба Русия бозгарданд.

Аммо ин афв шомили он даста аз коргарони муҳоҷири тоҷик мешавад, ки бо ҳукми Вазорати дохилии Русия барои нақзи қавонини кору иқомат ихроҷ шудаанд.

Бақияи коргарони муҳоҷири тоҷик, ки бо ҳукми додгоҳҳои Русия аз қаламрави ин кишвар ихроҷ шудаанд, бояд мунтазиир муддати поёни мамнуияти вуруди хеш бимонанд.

Вай таъкид кардааст, ки номи коргарони муҳоҷири тоҷик, ки мавриди афв қарор гирифтаанд, аз сомонаи Вазорати дохилии Русия ба унвони афроди мамнуъулвуруд ҳазф шуда ва ин афрод муҷоз ба бозгашт ба Русия мебошанд.

Ҳамчунин ба коргарони муҳоҷири ғайриқонунии хориҷӣ, ки то 30 сентябри соли ҷорӣ дар қаламрави Русия муваффақ ба расмӣ кардани ҳузури хеш нашудаанд, то 30 декабри имсол фурсат дода шудааст, ки дар идороти умури муҳоҷират сабти ном кунанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп