Октябр 13, 2021 15:49 Asia/Dushanbe
  • Вуруди раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Порис

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Фаронса ворид Порис шуд.

Ба гузориши дафтари матбуотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор аст дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса ва дигар мақомоти ин кишвар мавзӯи густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва авзои Афғонистон баррасӣ шавад.

Пеш аз ин мақомоти Тоҷикистон ва Фаронса дар бораи таҳаввулоти Афғонистон пас аз ба қудрат расидани Толибон, ташкили давлати фарогир дар ин кишвар ва таъсири ҳаводиси он дар амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ мавзеъгирӣ карда буданд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар сафар ба Фаронса дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи 211 асари таърихии Тоҷикистон дар музеи Гимеи Порис ширкат хоҳад кард.

Намоиши осори таърихии Тоҷикистон бо унвони “Тоҷикистон – сарзамини рӯдхонаҳои тиллоӣ” аз 13 октябр то 10 январ дар музеи Гиме - музеи ҳунарҳои шарқии Порис намоиш дода хоҳад шуд.

Ширкат дар барномаи рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Созмони Юнеско аз дигар барномаҳои Раҳмон дар сафар ба Фаронса аст.

 

Бештар бихонед: