Дидори раисони ҷумҳурии Фаронса ва Тоҷикистон дар Порис
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раисиҷумҳури Фаронса мулоқот кард.
Ба гузориши “Ховар”, дар ин мулоқот тарафайн дар мавриди тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои энержӣ, метолургӣ, саноеи сабук ва шимиёӣ, механика ва маъдан гуфтугӯ карданд.
Табодулоти илмӣ дар бахшҳои лаҷистик, мухобирот, электронӣ, зерсохтҳои кишоварзӣ ва гардишгарӣ аз дигари мавзӯоти матраҳшуда дар ин мулоқот буд.
Тарафайн дар бораи буҳрони ношӣ аз густариши корона дар ҷаҳон ҳам табодули назар карданд.
Раисони ҷумҳурии ду кишвар таъкид карданд, ҳар ду кишвари Тоҷикистон ва Фаронса тавонмандии зиёде барои афзоиши табодулоти тиҷорӣ ва сармоягузорӣ доранд.
Дар ин дидор раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мушорикати фаъоли фаронсавиҳо дар бозсозии зерсохтҳои фурӯдгоҳӣ ва новбарии ҳавоӣ, тавсеаи бахши энержӣ, хутути интиқоли барқ ва муроқибатҳои беҳдоштӣ истиқбол кард.
Дар ин мулоқот дар мавриди масоили амниятии минтақа, ба вижа вазъияти душвори сиёсиву инсонӣ дар Афғонистон ҳам ройзанӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мулоқот бори дигар ба мавзеи Тоҷикистон дар ҳаллу фасли авзои Афғонистон ишора кард ва гуфт: Таъмини амнияти Афғонистон омили муҳиме барои суботи миллӣ ва кулли минтақа аст.
Вай афзуд: Мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон бидуни мушорикати ҷомеаи ҷаҳонӣ, давлатҳо ва Созмони Милали Муттаҳид ҳал нахоҳад шуд.
Бештар бихонед:
- Дархости Тоҷикистон аз Фаронса барои сармоягузорӣ дар нерӯгоҳи Себзор
- Дидори намояндаи иқтисодии Фаронса аз корхонаи алюминии Тоҷикистон