Октябр 14, 2021 16:33 Asia/Dushanbe
  • Эъломи мавозеи мақомоти Тоҷикистон дар қиболи авзои Афғонистон

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар сафар ба Туркия, мавозеи мақомоти Тоҷикистон дар қиболи авзои Афғонистонро эълом кард.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, Муҳаммадтоир Зокирзода дар дидор бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Анкара гуфт: Ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон авзои сиёсӣ ва амниятии ин кишварро печидатар кардааст.

Вай таъкид кард, Тоҷикистон хостори ташкили давлати фарогир дар Афғонистон бо мушорикати тамомии гуруҳҳои сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабии ин кишвар аст.

Вай афзуд: Мавзеи мақомоти Тоҷикистон дар қиболи авзои Афғонистон бозгашти сареи сулҳ ва оромиш дар ин кишвар ва баргузории интихоботи озод аст.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон изҳор дошт: Душанбе ҷонибдори доштани равобити дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа, азҷумла Афғонистон аст ва дар умури дохилии онҳо мудохила намекунад.

 

Барчасп