Октябр 14, 2021 19:37 Asia/Dushanbe
  • Размоиши муштараки Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар марзи Афғонистон - Тоҷикистон

Созмони паймони амнияти ҷамъӣ барои афзоиши омодагии худ ҷиҳати муқобила бо таҳдидоти воқеъӣ аз ҷониби Афғонистон размоиши муштаракеро дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон анҷом медиҳад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ҳамзамон бо таъкиди Русия ва ҳампаймонии он дар Осиёи марказӣ дар бораи беасар кардани таҳдидоти воқеъӣ аз ҷониби Афғонистон, кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ размоиши муштаракеро дар наздикии марзи Афғонистон - Тоҷикистон баргузор мекунанд.
РИА Новости гузориш дод, ки ин размоиши 2 рӯза қарор аст 30 меҳрмоҳ оғоз шаваду низомиёни кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Беларус дар он ширкат хоҳанд кард .
Рӯзи гузашта низ Владимир Путин-раиси ҷумҳӯри Русия дар нишасти маҷозӣ бо руасои сервисҳои амниятӣ ва иттилоотии кишварҳои ИДМ, бар аҳамияти боло бурдани сатҳи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии иқдомоти ин созмон, бавижа барои хунсосозӣ таҳдидоти эҳтимолӣ аз ҷониби хоки Афғонистон таъкид кард .
Гуфтанӣ аст, ки дар миёни кишварҳои узви Паймони амнияти ҷамъии Тоҷикистон тулонитарин марзи муштарак бо Афғонистонро дорад ва Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дархости баргузории ин размоишро матраҳ карда буд.

 

Барчасп