Имзои созшномаи 450 миллиондолларӣ дар ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистон
(last modified Sat, 16 Oct 2021 08:27:00 GMT )
Октябр 16, 2021 13:27 Asia/Dushanbe
  • Имзои созшномаи 450 миллиондолларӣ дар ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистон

Дар поёни Ҳамоиши байналмилалии сармоягузории мавсӯм ба "Душанбе -Инвест - 2021", дар пойтахти Тоҷикистон ба маблағи 450 миллиондоллар созишнома имзо шуд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон эълом кард, ки дар ин ҳамоиш бо ибтикори шаҳрдории Душанбе ва бо ҳадафи ҷазби сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ барои тавсеа ва афзоиши бахшҳои мухталифи иқтисодии кишвар баргузор шуд.

Дар ин нишаст наздик ба 400 сармоягузори хориҷӣ аз кишварҳои минтақа дар бораи эътои тасҳилот ба сармоягузорон, фароҳам сохтани заминаи зерсохтҳои муҳим ба манзури сохти корхонаҳои муштарак ва бозорёбӣ баҳсу табодули назар карданд.

Дар поёни ин ҳамоиш 11 созишнома дар мавриди сармоягузорӣ дар замининаи санъат, энержӣ, гардишгарӣ, ҳамлу нақл ва тавсеаи содирот амзо шуд.

Ин ҳамоиш дар чорчӯби эъломи шаҳри Душанбе ба унвони пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 доир шуд.