Содироти барқ аз ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшони Тоҷикистон
Октябр 20, 2021 14:08 Asia/Dushanbe
Ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон ба зудӣ яке аз ноҳияи содиркунандаи барқ мешавад.
Ба гузориши сомонаи «Спутник», нерӯгоҳи барқи обии Себзори ноҳияи Роштқалъа метавонад бо тавлиди 110 миллион киловатт соат барқ дар сол, ниёзи ҳудуди 220 ҳазор нафар аз сокинони манотиқи вилояти Бадахшон ба барқро таъмин ва дар фаслҳои баҳору тобистон низ заминаи содироти барқ ба Афғонистонро фароҳам кунад.
Бо сохти ин нерӯгоҳ барои ҳудуди 60 нафар шуғл эҷод мешавад.
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон баҳрабардорӣ аз ин нерӯгоҳ 35 миллиону 800 ҳазор доллар ҳазина дорад, ки бахши умдаи ин манобеи молиро Бонки Рушди Олмон таъмин хоҳад кард.
Бештар бихонед:
- Баррасии сохти нерӯгоҳи Себзор бо намояндагони Бонки Рушди Олмон
- Кумаки 27 миллион-евроии Олмон барои сохти нерӯгоҳи Себзор
Барчасп