Ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид
Октябр 20, 2021 15:58 Asia/Dushanbe
Муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мудири кулли Созмони тавсеаи санъатии Созмони Милали Муттаҳид дидор кард.
Ба гузориши «Ховар» дар ҳошияи конфронси Вена дар бораи муҳоҷират бо мавзӯи «Баррасии сиёсати муҳоҷират: Чолишҳо, фурсатҳо ва стратегияҳо» Шараф Шерализода бо Ли Юнг, мудири кулли Созмони тавсеаи санъатии Созмони Милали Муттаҳид дидор кард.
Тарафайн дар ин мулоқот раванди иҷрои тарҳҳои муштараки ин созмон дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Мудири кулли Созмони тавсеаи санъатии Созмони Милали Муттаҳид низ аз наҳваи ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони тавсеаи санъатии СММ ибрози ризоият кард.
Барчасп