Октябр 22, 2021 18:50 Asia/Dushanbe
  • Тими футболи Умеди Эрони вориди Тоҷикистон шуд

Аъзои тими футболи Умеди Эрон, ки шаби гузашта (панҷшанбеи 29 меҳрмоҳ) соати 22: 50 бо парвози ихтисосӣ аз Теҳрон озими Тоҷикистон шуда буданд, соъоте қабл ба шаҳри Душанбе расиданд.

Ба гузориши сайти Федератсияи футбол, тими футболи зери 23 соли Эрон дар гуруҳи B –и марҳалаи муқаддамотии қаҳрамонии Осиё бо тимҳои Непал, Тоҷикистон ва Лубнон ҳамгуруҳ аст.

Аз кадри фаннӣ ба ҳамроҳи бозикунон пеш аз хуруҷ аз фурудгоҳ дар Эрон тести PCR гирифта шуд ва то эъломи натоиҷ бозикунон дар карантин ҳастанд.

Барномаи бозиҳои Эрон дар ин мусобиқот ба ин шарҳ аст:

Душанбеи 3 обон (25 октябр)

Эрон - Непал / соати 16 ба вақти маҳаллӣ (14: 30 ба вақти Теҳрон) – стадиони Душанбе

Панҷшанбеи 6 обон (28 октябр)

Лубнон - Эрон / соати 16 ба вақти маҳаллӣ (14: 30 ба вақти Теҳрон) – стадиони Душанбе

Якшанбеи 9 обон (31 октябр)

Эрон - Тоҷикистон / соати 19 ба вақти маҳаллӣ (17: 30 ба вақти Теҳрон) – стадиони Душанбе

 

Бештар бихонед: