Таъкиди Тоҷикистон ва Ҷопон бар тақвияти равобити дуҷониба
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i75852-Таъкиди_Тоҷикистон_ва_Ҷопон_бар_тақвияти_равобити_дуҷониба
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафири Ҷопон дар ин кишвар дидор карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 23, 2021 06:50 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистон ва Ҷопон бар тақвияти равобити дуҷониба

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафири Ҷопон дар ин кишвар дидор карданд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшитаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба навиштаи сомонаи «Ховар», зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопонро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо тақвияти ҳамкории ду кишварро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид карданд.

Бештар бихонед: