Имзои санади ҳамкории тиҷории Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия
100 санади ҳамкорӣ байни тоҷирони Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия имзо шуд.
Ба гузориши Ховар, дар доираи баргузории Форуми «Имконоти тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо» ва намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2021», ки 19-20 октябр дар маркази вилоят доир шуд, беш аз 100 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд гуфт, ки намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2021» бори ҳафтум аст, ки бо мақсади муаррифии имконияти иқтисодиву саноатӣ ва кишоварзиву сайёҳии вилояти Суғд, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят ва таҳкими муносибатҳо гузаронида шуда, соли гузашта бо сабаби пандемияи коронавирус доир нашуд.
Дар ярмаркаи имсола теъдоди зиёди соҳибкорону моликони корхонаву ширкатҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Узбекистон ширкат варзида, бо шарикони тоҷики худ дурнамои ҳамкориро баррасӣ карданд.
Тӯли ду рӯзи гузашта миёни соҳибкорони тоҷику рус ва тоҷику узбек мулоқоту гуфтушунидҳо барои таҳкими робитаҳо роҳандозӣ гардида, беш аз 100 шарномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.