"Ашки борон" варақ варақ "Хандаи гул"-ро мунташир кард
Исфандиёр Халилӣ, шоир ва хабарнигори “Садои Хуросон” нахустин маҷмӯаи ашъори худро мунташир кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии “Садои Хуросон”, ин китоб бо унвони " Ашки борон, хандаи гул", дар шаҳри Душанбе ба чоп расидааст.
Аз чакидаҳои табъи Исфандиёр Халилӣ бармеояд, ки ӯ бештар ба мазмӯнҳои иҷтимоӣ ва маънавӣ таваҷҷӯҳ дошта ба дунболи рӯёндани гулҳои тоза дар боғистони адабиёти Тоҷикистон аст.
Исфандиёр Халилӣ, ки пешинаи фаъолият дар матбуот ва расонаҳои Тоҷикистонро дорад, чанд соле аст ба унвони мутарҷим ва гӯянда дар радиои тоҷикии “Садои Хуросон” машғӯл бакор аст.
Ӯ зимни муаррифии китоби худ дар фазои маҷозӣ, навиштааст, ки дар оғози роҳи шеър қарор дорад ва аз устодону мухотабони сухан хостори машварату нақди созандааст.