Донишмандони тоҷик ва чинӣ авзоъи кули Сарезро назорат мекунанд
(last modified Sun, 24 Oct 2021 13:21:32 GMT )
Октябр 24, 2021 18:21 Asia/Dushanbe
  • Донишмандони тоҷик ва чинӣ авзоъи кули Сарезро назорат мекунанд

Донишмандони тоҷик ва чинӣ авзоъи кули Сарез дар вилояти Бадахшони Тоҷикистонро назорат мекунанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, акнун аз тариқи моҳвораҳои чинӣ фаъолияти дастгоҳҳои мавқеъиятёб ( GPS ) дастгоҳҳои санҷиши фишори об, таҳаввулоти эҳтимолии ношӣ аз зилзилаву дигар ҳаводиси табиӣ, истифода аз ҳавопаймои бидуни сарнишин ба манзури аксбардории ҳавоӣ, телефонҳои моҳвораӣ ва таҷҳизоти ҳушдордиҳанда расад ва назорат хоҳад шуд .
Қаблан донишмандони зистшинос ҳушдор дода буданд дар сурати бурузи ҳар навъ ҳодисае монанди зилзила, ки мунҷар ба тахриби эҳтимолии садди кули Сарез дар вилояти Бадахшон шавад, оби пушти садд ҷорӣ ва зиндагии шаш миллион нафар аз сокинони кишварҳои Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон бо таҳдиди ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешавад. Кули Сарез бар асари зилзилаи шадиди соли 1911 ва резиши қитъаи бузурге аз куҳ бар сари роҳи руди Мурғоб дар умқи кӯҳистонҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва дар баландии 3263 метрӣ аз сатҳи баҳр падид омадааст.
Тӯли ин кул 70 километр, умқи он 505 метр ва захираи оби пушти садди табиии он 70 километр-мукаъаб аст .

 

Бештар бихонед :