Октябр 25, 2021 12:26 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 15 шаҳрванди тоҷики таҳти пайгарди қазоӣ дар Русия

Сухангӯи Вазорати дохилаи Русия аз боздошти 15 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар кишвари хеш таҳти пайгарди қазоӣ қарор доштанд, хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Ирина Волк гуфтааст, ки дар ҷараёни амалиёти вижаи неруҳои ин вазорат мавсум ба " Ҷустуҷӯ " 200 фарди таҳти пайгарди қазоӣ дар қаламрави ИДМ дар Русия боздошт шудаанд, ки 15 тан аз онон шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд .
Вай таъкид кардааст, ки дар миёни боздоштшудагон 14 шаҳрванди Қазоқистон, 12 нафар аз Узбекистон ва 10 тан аз шаҳрвандони Қирғизистон низ шиносоӣ шудаанд .
Бақияи афроди боздоштшуда аз шаҳрвандони дигар кишварҳои узви ИДМ  мебошанд .
Иттиҳоми аксари ин афрод даст задан ба ҷурму ҷиноёти сангин дар кишварҳои хеш ва фирор ба Русия унвон мешавад, ки пас аз тайи мароҳили расмӣ ба кишварҳояшон истирдод хоҳанд шуд.



Бештар бихонед :

 

Барчасп