Октябр 25, 2021 17:48 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи озмоишгоҳи нанотехнологӣ дар Тоҷикистон бо мушорикати Эрон

Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо раиси Донишгоҳи миллии ин кишвар дидор ва озмоишгоҳи фанноварии наноро ифтитоҳ карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадтақии Собирӣ-сафири Эрон ва  Қобилҷон Хушвақтзода-раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ин дидор дар мавриди густариши ҳамкориҳои илмӣ ва омӯзишии фанновариҳои навини ҷадид табодули назар сурат гирифт ва таъкид шуд ки дастгоҳҳои ҷадиди эҳдоии Сайидиброҳими Раисӣ-раиси ҷумҳӯри Эрон ба донишгоҳи миллӣ дар сафар ба Душанбе метавонад беҳтарин гом дар ҷиҳати ҳамкориҳои илмӣ бошад .

Хотирнишон шуд, ки ин дастгоҳҳо бо ҳимояти раиси ҷумҳӯри Эрон ва ба ибтикори сафири кишварамон дар Тоҷикистон ба Донишгоҳи миллии ин кишвар эҳдо шудааст .
Дар идомаи ин мулоқот таъкид шуд, ки раиси донишгоҳ шароити мусоидеро барои истифода аз дастгоҳ­ҳои эҳдоӣ эҷод карда ва дар назди Пажуҳишкадаи илмии таҳқиқотии донишгоҳ озмоишгоҳи фанноварии наноро таъсис дод .

Дар ин робита бо ҳимояти сафорат Ҳусайни Гилонӣ-коршиноси ҳавзаи нанотехнологии раёсати Ҷумҳурии исломии Эрон, ба муддати як ҳафта ба Пажӯҳишкадаи илмии таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даъват шуд ва барои масъӯлону кормандони ин пажӯҳишгоҳ наҳваи истифода аз дастгоҳҳоро омӯзиш дод .
Хушвақтзода ҳамчунин иброз кард, ки ин иқдом руъёи қадимии устодони улӯми табиӣ аст ва ба иҷрои аҳдофи « 20 соли мутолиаву тавсеъаи улӯми табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар улӯму омӯзиш » ( 2020 то 2040 ) кумак мекунад .

Пас аз ин дидор  сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон бо раиси Донишгоҳи миллии ин кишвар ва намояндагони сохторҳои мухталифи донишгоҳи мазкур дидор ва озмоишгоҳи фанноварии наноро дар пажӯҳишкадаи илмии таҳқиқотии ин донишгоҳ ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд .
Дар ин маросим ишора шуд, ки дастгоҳҳои ҷадид барои таҳқиқот дар заминаҳои улӯми табиӣ, аз ҷумлаи кимё, физика,замин­шиносӣ ва зистшиносӣ судманд аст .

Зимнан таъкид шуд, ки фанноварии нано аз соли 2001 дар Эрон дар ҳоли тавсеъа аст ва ин кишвар аз назари тавлиди фанноварии нано рутбаи чаҳорумро дар ҷаҳон дорад .

 

Барчасп