Тақвияти ҳифозат аз муҷтамаъи фазоии Русия дар Тоҷикистон
Ба далели авзои амниятӣ дар Афғонистон, низомиёни Русия ҳифозат аз муҷтамаъи фазоии мавсум ба «Окно» дар Тоҷикистонро тақвият карданд.
Ба гузориши хабаргузории РИА Новости, Виталий Горючкин, сармуҳандиси ширкати созандаи таҷҳизоти ин муҷтамаъ гуфт: Ба иллати авзои амниятии Афғонистон низомиёни Русия иқдом ба тақвияти ҳифозат аз ин маркази фазоии Русия дар Тоҷикистон карданд.
Вай таъкид кард, дар натиҷаи бозсозии таҷҳизотии муҷтамаъи фазоии «Окно» дар кӯҳҳои Тоҷикистон, мизони назорат бар партоби моҳвораҳо ва мушакҳо ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.
Ин маркази низомии назоратӣ, ки дар соли 2014 фаъол шуд, тавони мушоҳида ва шиносоии моҳвораҳо ва мушкҳоро ба арзи 1 метр дар тӯли 50 ҳазор километр дар минтақа дорад.