Октябр 27, 2021 10:30 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории Бонки рушд ва бозсозии Аврупо дар нерӯгоҳи Роғуни Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон ва Бонки рушд ва бозсозии Аврупо роҳҳои сармоягузорӣ дар нерӯгоҳи Роғунро баррасӣ карданд.

Дар дидори вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо намояндаи Бонки рушд ва бозсозии Аврупо дар Осиёи Марказӣ мавзӯи сармоягузории ин ниҳоди молӣ дар идомаи сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун баррасӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи «Спутник», дар дидори Завқӣ Завқизода ва раиси Юонки рушд ва бозсозии Аврупо дар Осиёи Марказӣ роҷеъ ба имкони сармоягузории Бонки рушд ва бозсозии Аврупо дар тарҳҳои энержии Тоҷикистон, аз ҷумла такмили сохти нерӯгоҳи Роғун баҳсу табодули назар шуд.

Намояндаи Бонки рушд ва бозсозии Аврупо дар ин дидор аз омодагии ин ниҳоди молӣ барои таъсиси корхонаҳои муштарак дар манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон, ҳимоят аз сохти нерӯгоҳҳои хуршедӣ ва бодӣ ва кумак ба иштиғолзоӣ дар бахши хусусӣ хабар дод.

Пеш аз ин Бонки рушд ва бозсозии Аврупо барои ҳимоят аз бахши энержии Тоҷикистон 35 миллион евро кумаки молӣ ихтисос дода буд.

 

Бештар бихонед: