Октябр 29, 2021 20:17 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 325 ҳазордолларии Ҷопон барои иҷрои тарҳҳои беҳдоштиву омӯзишӣ дар Тоҷикистон

Ҷопон барои сохти 2 мактаб ва як маркази пизишкӣ дар Тоҷикистон 325 миллион доллар ихтисос медиҳад.

Тафоҳумномаи иҷрои 3 тарҳи ҷадидро Токийоки Месиёситу, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон дар сафоратхонаи ин кишвар дар шаҳри Душанбе имзо кард.

Ин 3 тарҳ дар чорчӯби барномаи Ҷопон дар заминаи кумаки билоиваз ва амнияти башардӯстона барои гурӯҳи густардае аз мардуми Тоҷикистон аст.

Ҳамчунин Адҳам Маъмурзода, шаҳрдори Истаравшан тафоҳумномаи сохти дабиристони рустоии Таги Чанори ҷамоати Гули Сурхи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ба арзиши 89 ҳазору 866 долларро бо тарафи ҷопонӣ имзо кард.

Бобуралӣ Одиназода, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ ҳам тафоҳумномаи сохти мактаби шумораи 35 дар деҳаи Боғистони ҷамоати Турдиев ба арзиши 132 ҳазору 746 долларро имзо кард.

Тарҳи сохти маркази пизишкӣ дар деҳаи Бирма – 2, ҷамоати Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ ба арзиши 103 ҳазору 151 долларро Азизуллоҳ Исматзода, раиси ин ноҳия имзо кард.

Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон дар суханоне бо ишора ба сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон гуфт: Хушҳол аст асноди сохти 2 мактаб ва як маркази пизишкиро бо тарафҳои тоҷик имзо кардааст.

Вай афзуд: Дар ҳавзаи омӯзишу беҳдошт ҳамвора авлавияти ҳамкории мо Тоҷикистон буд ва умедворам ин пружаҳо бамавқеъ иҷро шавад ва дар тавсеаи ин кишвар саҳм дошта бошем.

Бинобар суханони вай, давлати Ҷопон мутааҳҳид ба идомаи ҳимоят аз эҷоди ҷомеае беҳтар барои ҳамаи мардум будаву ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистонро идома медиҳад.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп