Октябр 30, 2021 11:30 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии вазирони хориҷаи Русия ва Тоҷикистон бо меҳвари Афғонистон

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия ва Сироҷиддин Муҳриддин ҳамтои тоҷикистонии вай дар гуфтугӯи телефонӣ дар хусӯси авзоъи Афғонистон ва ҳамкориҳои ду кишвар гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Маскав ва Душанбе қасд доранд, дар робита ба авзоъ дар Афғонистон иқдомотро ҳамоҳанг кунанд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар як суҳбати телефонӣ омодагии худро барои муттаҳидсозии талошҳо тасдиқ карданд.

Онҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин омодагӣ ба чорабиниҳои дарпешистода дар моҳҳои ояндаро баррасӣ карданд.

Дар ин гуфтугӯ таъкид шуд, "Ин хат барои ҳамоҳангсозии талошҳо оид ба авзоъ дар Афғонистон бо дарназардошти тасмимҳои нишастҳои СААД ва СҲШ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ва натоиҷи мулоқот дар формати Маскав, ки рӯзи 20 октябр баргузор шуд, таъйид шуд"

Илова бар ин, Лавров ва Муҳриддин ба мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳамкориҳои фарҳангию башардӯстона дахл карданд.

Ёдовар мешавем, ки Русия борҳо омодагии худро барои кумак ба Тоҷикистон дар баробари таҳдидҳои Афғонистон, ки дар миёнаҳои моҳи август ҳукуматаш ба дасти Толибон гузашт, изҳор доштааст.

Ба ин далел, Русия мисли аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ аз вуруди террористон ба қаламравҳои худ ҳарос дорад.

Дар моҳҳои ахири Русия барои дифо аз Тоҷикистон дар баробари террористҳо, пойгоҳи 201 худ дар Душанберо ба таслеҳоти пешрафта муҷаҳҳаз кардааст ва дар чорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ низ чанд размоиш бо Тоҷикистон дар ин кишвар баргузор кардааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп