Октябр 30, 2021 11:53 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар радифи 100 кишвари дорои артиши қавӣ дар ҷаҳон

Тоҷикистон барои соли дувум дар радифи 100 кишвари дорои артиши қавӣ дар ҷаҳон қарор гирфт.

Ба гузориши сомонаи “Global Firepower”, дар ин радабандӣ Тоҷикистон дар радифи 99 дар миёни 140 кишвари ҷаҳон қарор гирфт, ки сол қабл низ ин ҷойгоҳро ба худ ихтисос дода буд.

Дар ин радабандӣ теъдоди нерӯҳои мусаллаҳ, барӯз будани таҷҳизоту таслеҳот, таъмини ниёзҳои молӣ ва омодагии сарбозон ва афсарон аз муҳимтарин меъёрҳои қудрати артишҳо ба ҳисоб меояд. Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Узбекистон дар радаи 51, Қазоқистон дар ҷойгоҳи 61, Туркманистон 86 ва Қирғизистон дар радифи 93 ҷаҳонӣ қарор гирфтаанд.

Амрико дар радифи нахуст, Русия дувум, Ҳинд сеюм ва Чин дар ҷойгоҳи чаҳоруми ҷаҳонӣ аз нигоҳи доштани артишҳои қавӣ воқеъ шудаанд.

 

Барчасп