Ноябр 10, 2016 09:42 Asia/Dushanbe
  • Ширкати “Тоҷик Эйр” парвозҳои худро афзоиш медиҳад

Сухангуи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” гуфт: Ин ширкат теъдоди парвозҳои худро ба Русия, Ҳинд ва Чин афзоиш медиҳад.

Ба гузориши сойти ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”, Азизуллоҳ  Хайруллоев, сухангуи ин ширкат эълом кардааст, ки дар фасли замистон теъдоди парвозҳои ҳавопаймоҳи ин ширкат ба Русия, Ҳинд ва Чин афзоиш хоҳад ёфт.

Вай таъкид кардааст, ки дар моҳи ноябри соли ҷорӣ, парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” дар масири Душанбе- Сургути Русия- Душанбе аз саргирифта шуд. Ин парвоз, ҳар ду ҳафта якбор анҷом мешавад ва замони интиқоли мусофирон аз Душанбе то шаҳри Сургут, дар минтақаи Сибири Русия, 3 соату 45 дақиқа хоҳад буд.

Ҳамчунин ширкати “Тоҷик Эйр” аз рӯзи 13-уми моҳи ноябри соли ҷорӣ, парвози ҳавопаймоҳои хеш дар масир Хуҷанд -Нижневартовск-Хуҷандро оғоз мекунад, ки якбор дар ду ҳафта анҷом мешавад. Бар асоси ин гузориш, ширкати ёдшуда теъдоди парвозҳои хеш дар масири Душанбе- Деҳлии Навро ахиран аз як парвоз ба ду парвоз дар ҳафта, афзоиш додааст. Аз суи дигар мудирияти ширкати “Тоҷик Эйр” дар ҳоли баррасии мавзуи афзоиши теъдоди парвози ҳавопаймоҳои хеш, дар масири Душанбе- Урумчӣ ва Душанбе-Пекин ба самти Чин мебошад.