Октябр 31, 2021 11:22 Asia/Dushanbe
  • Содироти 13 ҳазор тон ангур аз ноҳияи Турсунзода ба Русия ва Қазоқистон

Мақомоти ноҳияи Турсунзода дар ғарби Тоҷикистон аз содироти 13 ҳазор тон ангур ба Русия ва Қазоқистон хабар доданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, содироти ин миқдор ангур ба Русия ва Қазоқистон дар муқоиса бо соли қабл афрзоиши ду баробарӣ доштааст .
Соли гузашта ҳудуди 6 ҳазору 16 тон ангур аз ноҳияи Турсунзода ба ду кишвари Қазоқистону Русия содир шуд .
Барои содироти 10 навъи ангур аз ноҳияи Турсунзода 40 анбор ва сардхонаи муҷаҳҳаз бо зарфияти 10 ҳазор тон сохта шудааст .
Кишоварзони ноҳияи Турсунзода талош мекунанд бардошти ангур аз боғоти ин минтақаро то поёни соли ҷорӣ ба беш аз 20 ҳазор тон бирасонанд.



Бештар бихонед :

 

Барчасп