Рӯнамоӣ аз китобе дар бораи синамогари тоҷик дар Русия
Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия тайи маросиме китоби “Синамои Бақо Содиқов”, коргардони машҳури синамои Тоҷикистон рӯнамоӣ шуд.
Ба гузориши сойти Фарғона, тайи маросиме дар маркази ба номи “Адабиёти андешаманд”, китобе дар бораи фаъолияти Бақо Содиқов, коргардони машҳури синамои Тоҷикистон, навиштаи Муҳиддин Маҳмудов, шахсияти фарҳангии тоҷик, рӯнамоӣ шуд.
Ин китоб шомили мақолоте дар бораи шахсияти Бақо Содиқов, мусоҳибаҳои матбуотӣ ва чанд матни филмномаҳое аст, ки ин коргардон натавонист филмҳое бар асоси ин навиштаҳо таҳия кунад.
Бақо Содиқов яке аз коргардонони саршиноси синамои Тоҷикистон мебошад, ки бо дидгоҳи тоза дар даҳаи 1980, вориди саҳна шуд ва бо сохти чанд филми синамоӣ назири “Гирдоб”, “Қайс” ва “Бухорои шариф” аз мақом ва ҷойгоҳи вижае бархӯрдор гардид. Аммо маҳдудиятҳои идеологии даврони Шӯравӣ, имкони ибрози андешаи озод барои Бақо Содиқов дар филмҳои синамоии вайро намедод. Аз ин рӯ, ин коргардони тоҷик талош кардааст, ки аҳдофи хешро ба шакли рамз ва киноя баён намояд, ки осори офаридааш саршор аз тасвирҳои ирфонӣ ва тасаввуфӣ мебошад. Андрей Плахов, мунтақиди синамо аз Русия мегуяд, ки филмҳои сохтаи Бақо Содиқов ба унвони осори арзишманди ахлоқӣ матраҳ мебошад, ки инсонро ба суи маънавиёт ва камолот ҳидоят мекунад.