Музокироти коргурӯҳҳои нақшабардории Тоҷикистон ва Қирғизистон
Музокироти 5 рӯзаи коргурӯҳҳои нақшабардории Тоҷикистон ва Қирғизистон барои идомаи ройзанӣ дар бораи аломатгузории навоҳии марзӣ дар шаҳри Душанбе поён ёфт.
Ба гузориши сомонаи Хабари Қирғизистон, дар поёни ин давр аз гуфтугӯҳо, тарафҳо бо имзои ёддошти тафоҳум эълом карданд, ки музокироти баъдӣ дар Қирғизистон баргузор шавад.
Бо ин ҳол ҷонибҳо бо созанда хондани ин гуфтугӯҳо, дар бораи ҷузъиёти ин нишаст тавзеҳи бештаре надоданд.
Ин шашумин давр аз музокироти гуруҳҳои нақшабардории Тоҷикистон ва Қирғизистон аст, ки пас аз даргириҳои марзии 28 ва 29 аррели соли ҷорӣ баргузор мешавад.
Ихтилофи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар пайи даргирии 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ ташдид шуд.
Дар он даргириҳо теъдоди зиёде аз низомиён ва сокинони наҳияи Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон кушта ва захмӣ шуданд ва гузаргоҳҳои марзии ду кишвар баста шудааст.