Барномаи ҷалби ҷавонон ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 65 дарсад иҷро шудааст
(last modified Tue, 02 Nov 2021 10:49:54 GMT )
Ноябр 02, 2021 15:49 Asia/Dushanbe
  • Барномаи ҷалби ҷавонон ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 65 дарсад иҷро шудааст

Сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон эълом кард, ки барномаи пойизии ҷалби ҷавонон ба хидмати сарбозӣ дар ин кишвар то рӯзи 2 ноябри соли ҷорӣ 65 дарсад иҷро шудааст.

Ба гузориши сомонаи «Авесто», Фаридун Муҳаммадализода гуфтааст, ки вилояти Бадахшон иҷрои сад дарсадии ин барномаро таъмин кард.

Вай таъкид кард, ки дар манотиқи марказии Тоҷикистон ин барнома наздик ба 80 дарсад, дар вилояти Суғди 56 дарсад ва дар вилояти Хатлон наздик ба 54 дарсад иҷро шудааст.

Шаҳри Душанбе низ барномаи эъзоми сарбозон ба хидмати сарбозиро то чанд рӯзи дигар иҷро хоҳад кард.

Дар Тоҷикистон ҳамасола дар фаслҳои баҳору пойиз барномаи фиристодани ҷавонони болои 18 сол барои хидмат дар сафи Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар амалӣ мешавад.

Аммо ахиран бо тасвиби қонуни ҷадиди хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон, заминаи бозхариди хидмати сарбозӣ фароҳам шуд, ки бо пардохти маблағи 25 ҳазору 500 сомонӣ (муодили 2 ҳазору 200 доллар) метавон корти муофият дарёфт кард.

 

Бештар бихонед: