Ноябр 03, 2021 10:19 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли амдӣ будани сӯхтор дар бозори Баракати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Комиссияи вижаи баррасии иллати сӯхтор дар бозори Баракати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар вилояти Суғд эҳтимоли амдӣ будани ин ҳодисаро матраҳ кардааст.

Ба гузориши сомонаи «Спутник», ин комиссияи пас аз10 рӯзи баррасии иллати ин ҳодиса эълом кард, ки фарзияи амдӣ будани сӯхтор дар бозори Баракати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки умдаи маҳсулоти он чӯб ва тахта мебошад, қувват мегирад.

Зеро сӯхтор шабона дар бозори Баракати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, соати 20 шаби 21 октябри соли ҷорӣ рух дода, ки ин маркази тиҷорӣ таътил ва барқи он низ комилан хомӯш будааст, ки эҳтимоли амдӣ будани ин ҳодиса акнун ба таври ҷиддӣ баррасӣ мешавад.

Косибони бозор маблағи хисорати воридшуда бар асари ин ҳодисаро 760 ҳазор сомонӣ баровард кардаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳузури бамавқеи оташнишонон боиси хомӯш кардани сӯхтор дар бозори фурӯши чӯб ва тахтаи Баракат шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп