Тазриқи ваксина ба кӯдакон дар Тоҷикистон феълан барномарезӣ нашудааст
Раиси идораи амнияти беҳдоштӣ ва бемориҳои сироятии Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки дар ин кишвар феълан тазриқи ваксина ба кӯдакон барномарезӣ нашудааст.
Ба гузориши сомонаи «Авесто», Наврӯз Ҷаъфаров гуфтааст, ки бар асоси барномаи ин вазорат дарёфти ваксинаи корона аз сӯи кӯдакон танҳо пас аз тазриқи ин ваксина ба 60 дарсад аз афроди болои 18 соли ҷомеа имконпазир хоҳад шуд.
Ба гуфтаи вай то 2 ноябри соли ҷорӣ ба 46,2 дарсад аз ҷамъияти болои 18 соли ин кишвар, ваксинаи корона тазриқ шуд, ки 2 миллиону 700 ҳазор нафарро шомил мешавад.
Аз ин теъдод 2 миллиону 155 ҳазор нафар дозам дуҷуми ваксинаи коронаро тазриқ карданд.
Дар Тоҷикистон ваксинаҳои «Спутник – V», «CoronaVac», «AstraZeneca», «Moderna Pfizer» воридотӣ, тазриқ мешавад.
Ҳамчунин Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки дар шабонарӯзи гузашта мавриди ҷадиди ибтило ба бемории Ковид - 19 дар кишвар шиносоӣ нашудааст.
Бештар бихонед:
- Куба ба унвони аввалин кишвар ба кӯдакон ваксина тазриқ кард
- Раиси Институти Пастери Эрон: Ваксинаи ПостуКовак барои тазриқ ба кӯдакон ҳам муносиб аст