Дидори раиси вилояти Суғд бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i76404-Дидори_раиси_вилояти_Суғд_бо_намояндагони_Бонки_Ҷаҳонӣ
Раиси вилояти Суғд хостори сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ дар бахши кишоварзии минтақа шуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Ноябр 04, 2021 13:08 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси вилояти Суғд бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ

Раиси вилояти Суғд хостори сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ дар бахши кишоварзии минтақа шуд.

Ба гузориши сомонаи Авесто, Раҷаббой Аҳмадзода дар дидор бо Теклу Тесфайе ва ҳайати ҳамроҳи вай дар Хуҷанд дар бораи сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ дарбахши кишоварзии вилояти суғд тавзеҳ дод .

Вай таъкид кард, ки дар ноҳияҳои Деваштичу Шаҳристон ҳазорон ҳектор замин вуҷӯд дорад, ки бо сохти таъсисоти обёрӣ заминаи афзоиши маҳсӯлоти кишоварзӣ фароҳам хоҳад шуд.

Ӯ баён кард, зеро дар ин ду минтақа обу ҳавои мусоид барои парвариши анвоъи мева бавижа зардолу ва ангур вуҷуд дорад.

Намоячндагони Бонки Ҷаҳонӣ низ дар ин дидор таъкид карданд, ки ин мавзӯро баррасӣ хоҳанд кард.