Сентябр 11, 2024 10:41 Asia/Dushanbe
  • Дидори сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ дидору гуфтугӯ кард.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, соҳаи энергетика ва татбиқи нақшаҳои дуҷониба дар ин самт аз муҳимтарин масъалаи мулоқоти ҷонибҳо ба ҳисоб мерафт.

Қоҳир Расулзода, саварзири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки солҳои охир дар заминаи ҳамгироии Тоҷикистон бо ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ дар иншооти гидроэнергетикии мамлакат тадбирҳои сохтмониву муҷаҳҳазгардонӣ анҷом дода шуда, дар ин самт корҳо ҷараён доранд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба тақвияти ҳамгироӣ ва афзун намудани  ҳаҷми маблағгузорӣ дар соҳаро баррасӣ намуда, ҳавасмандӣ зоҳир карданд.

 

Барчасп